Собянин: муҳоҷирони Маскав камтар қонуншиканӣ мекунанд

© РИА НовостиМэри шаҳри Маскав Сергей Собянин, акс аз бойгонӣ
Мэри шаҳри Маскав Сергей Собянин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо ВКД нисбати муҳоҷирон чораҳои қатъиро ба монанди депорт ё манъи вуруд ба кишвар камтар месанҷад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Солҳои охир тавонистем, ки Дар Маскав бозори меҳнати муҳоҷиронро қонунӣ гардонем, гуфт мэри шаҳри Маскав Сергей Собянин.

"Дар як сол дар шаҳр қариб 400 ҳзр. патент ба маблағи 12 млрд. рубл дода мешавад, ки аслан барои мутобиқгардонии муҳоҷирон ва аъзоёни оилаи онҳо ин маблағ кофӣ аст",- гуфт раиси шаҳр дар маҷлиси умумишаҳрӣ оид ба масъалаҳои пешгирии қонуншиканӣ.

Бо гуфтаи вай дар Маскав ба таври назаррас қонуншикании муҳоҷирон камтар ба назар мерасад.

"Имрӯзҳо ВКД нисбати муҳоҷирони чораҳои қатъиро ба монанди депорт ё манъи вуруд ба кишвар камтар месанҷад",- менависад аз суханони раиси шаҳр сомонаи шаҳрии бехаитарии минтақавӣ ва мубориза зидди ришваситонӣ дар шаҳри Маскав.

Бо вуҷуди ин, бояд қонунигардонии раванди муҳоҷиратро дар шаҳр пурзӯртар намуд, гуфт Сергей Сабянин.

Ҳамчунин ба гуфтаи Сабянин ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон то 30% камтар шудааст, ки пештар ҳиссаи он нисфи тамоми ҷиноятҳоро ташкил мекард.

Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки Маскав акнун барои муҳоҷирон "дарвозаи кушода" нест, аммо дар ин масъала бояд беаҳамият нашуд.

Лентаи хабарҳо
0