Дар Тоҷикистон якбора нархи гази моеъ поён фаромад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкҲисобкунакҳо, акс аз бойгонӣ
Ҳисобкунакҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Камтар пеш ин намуди сӯзишворӣ яку якбора гарон гардида буд, аммо ҳоло бошад нархи гази моеъ поён фаромада 2,8 сомониро ташкил кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.Дар Тоҷикистон якбора нархи гази моеъ поён фаромад, ки дар аввали моҳ нархи  1 литр гази моеъ 3,4 сомониро ташкил мекард, ҳоло бошад он ба 60 дирам арзонтар шудаст ва 2,8 сомониро ташкил мекунад.

Маркази маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Тоҷикистон ба маблағи $50 миллион гази моеъ ворид шудааст

Дар Тоҷикистон солҳои охир гази моеъ воситаи асосии сӯзишвории нақлиётӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби 60% ронандагони воситаҳои нақлиётӣ истифода мешавад. Мувофиқи маълумоти  Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҷумҳурӣ шумораи автомобилҳое, ки ин намуди сӯзишвориро истифода мебаранд, рӯз то рӯз бештар мешавад, барои ҳамин Тоҷикистон низ ҳаҷми воридоти гази моеъро зиёд намудааст.

Мувофиқи маълумотҳои Оҷонсии омори назди президенти ҶТ, дар даҳ моҳи охир воридоти гази моеъ зиёда аз 287,7 ҳзр. тоннаро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта  2,2ҳзр. тонна зиёдтар мебошад.

Асосан гази моеъ ба Тоҷикистон аз кишвари Қазоқистон ворид мегардад, ки он 70% ҳаҷми умумии воридоти ин намуди сӯзишвориро ташкил мекунад. Ғайр аз ин ба кишвар аз Туркманистон, Қирғизистон ва Русия гази моеъ ворид мешавад.

Дар моҳи сентябр пас аз он, ки ҷониби Қазоқистон нархи газро қиммат кард, дар Душанбе ин намуди сӯзишворӣ 30% гаронтар шуд.

Вазорати  энергетикаи Қазоқистон ҳини гаронкунии нархи гази моеъ изҳор намуда буд, ки вобаста ба мушкилии расонидани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон, нархи онро қиммат намудааст.

Имсол дар Тоҷикистон маблағи умумии воридоти гази моеъ 132,2 млн. долларро ташкил намуд.

Лентаи хабарҳо
0