Ба Тоҷикистон ба маблағи $50 миллион гази моеъ ворид шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевМаркази маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гази моеъ ҳамчунон маводди сӯхти дастрас ва маҳбуб барои мошинҳо боқӣ монда воридоти он ба Тоҷикистон ҳамасола афзоиш меёбад.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2015 ба Тоҷикистон 110 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26% бештар мебошад, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон.

Маблағи гази моеъи воридотӣ ба Тоҷикистон камтар аз $50 миллион будааст, хабар доданд дар вазоратхона.

"Қазоқистон ҳамчунон содиркунандаи аслии гази моеъ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 86 ҳазор тонна ё 80% миқдори куллияи гази моеъ ворид шудааст", — омадааст дар хабар.

Қиммати маводи нафтӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

Аз Русия миқдори камтари гази моеъ ворид карда шудааст — 16 ҳазор тонна ва воридот аз Туркманистон 7,5 ҳазор тонна шудааст.

Ниёз ба гази моеъ ба унвони маводди сӯхтии мошинҳо дар Тоҷикистон ҳамасола бо афзоиши миқдори мошинҳо зиёд мешавад. Ин навъи маводди сӯхтӣ дар муқоъиса бо анвои дигар ҳамчунон арзон боқӣ мемонад. Ҳудуди 50-60% мошинҳо дар кишвар аз гази моеъ истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0