“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов дар Душанбе намоиш дода мешавад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкЛентаи филмсабткунӣ. Акс аз бойгонӣ
Лентаи филмсабткунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Мушкилкушо”-и коргардон Умед Мирзоширинов дар ҷашнвораи байналмиллалии синамо -“Дидор” беҳтарин филми тоҷикӣ унвон шуд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши филми "Мушкилкушо"-и Умедшо Мирзошоев баргузор мегардад, хабар дода мешавад дар гурӯҳи фейсбукии PAMIR NEWS.

Дар филм Ирана Нуроншоева, Александр Мичков, Алиакбар Одинамамадов, Ҷонбоз Душанбиев, Мусаввар Минаков нақш офаридаанд.

"Намоиши филми беҳтарини тоҷикӣ 20-уми ноябри соли равон соати 16:00 дар маркази Исмоилияи пойтахт баргузор мегардад",-омадааст дар хабар.

Наворбадории филми "Мушкилкушо" ҳанӯз соли 2009 оғоз гардида буд.

Филм дар бораи сарнавишти муҳоҷирони тоҷик нақл мекунад, ки бо сабаби  бӯҳрони иқтисодиву бекорӣ маҷбуранд озими  Русия шаванд.

Умед Мирзоширинов ҳамчунин муаллифи чандин филми бадеӣ чун: "Бумеранг" (соли 1997), "Гулҳои Душанбе" (2001), "Муҷассамаи ишқ" (2003) ва дигарҳо аст.

Лентаи хабарҳо
0