ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ зане, хоҳари шавҳари худро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Санаи 18-уми ноябри соли равон, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз мавзеи "Сафедиён"-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
"Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охирон ба ҳалокат расонидааст",-омадааст дар иттилоия.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид.