ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Масъалаи воридшавии Тоҷкистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе, дар мизи мудаввари "Интегратсияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ЕврАзЭС: воқеияти имрӯза ва дурнамои он" муҳокима мешавад.
Мизи мудавар санаи 22-уми ноябр бо ибтикори намояндагии Фонди рушди "Институти Тадқиқотҳои Авруосиёӣ"-и Русия бо иштироки Палатаи савдо ва Сафорати ФР дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки афзалиятҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди АвруОсиё баррасӣ мешаванд ва натиҷаҳои тадқиқоти "Вазъияти имрӯзаи лоиҳаи ҳамгироии АвруОсиё" маълум карда мешаванд.
Коршиносон, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони сиёсии Русия ва Тоҷикистон баррасии масъалаҳои муҳоҷират ва вазъи иқтисодиву сиёсии Осиёи Миёнаро ба нақша гирифтаанд.
Дар мизи мудавар Директори Департаменти ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Сергей Шухно низ ширкат меварзад.