Шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё баррасӣ мегардад

© Sputnik / Александр КондратюкПарчами кишварҳои аъзои Иттиҳои АвруОсиё. акс аз бойгонӣ
Парчами кишварҳои аъзои Иттиҳои АвруОсиё. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки бояд асоси иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё бо мақсади имкониятҳои шомилшавии Тоҷикистон ба ин иттиҳод омӯхта шавад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik.Тоҷикистон масъалаи имконияти шомил гардидани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ мекунад, гуфт сафири ҶТ дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов.

ВАО: ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шудани ҶТ ногузир аст

Ӯ хотиррасон намуд, ки бояд ин масъаларо ҳаматарафа омӯхт.

"Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бо мақсади имконияти шомил шудан ба ин иттиҳоди ҳамгироии нав  асоси иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Иттиҳоди АвруОсиёро  омӯхта мешавад",- мегӯяд сафири Тоҷикистон.

Ҳамчуин ӯ қайд намуд, ки "на бояд ба иттиҳод кӯр корона ворид шуд", тарафҳо бояд бо назардошти манфиатҳои хеш ба иттиҳоди мазкур пайваст шаванд.

"Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои шомил шудан ба ин гуна иттиҳод бояд асоси иқтисодии зарурӣ дошт ва ё барои давраи гузариш- захира. Агар мо имрӯз тамоми андозҳои гумрукиро, ки ба буҷҷаи давлатро пурра мегардонад бардорем, пас пагоҳ ин маблағро аз куҷо меёбем",- мегӯяд сафир.

Ӯ қайд кард, ки коршиносон бояд дар бораи ҳамоҳангсозии тарифҳо фикр кунанд. Айни замон дар ин самт гурӯҳи коршиносони корӣ ташкил дода шудаанд, вале мо бояд  бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳримҳои гуногунро ба назар гирем.

Иттиҳоди иқтисодии авруОсиё- иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии байналмиллалӣ мебошад, ки дар асоси Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ташкил дода шудааст. То ҳол ба ин иттиҳод  Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0