Вазорати меҳнат: сабаби сӯхтор ва марги шаҳрвандони Тоҷкистон тафтиш мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, акс аз бойгонӣ
Кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати меҳнат барои муайян намудани ҳодисаи сӯхтор ба вилояти Тумен омад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Вазорати меҳнат дар вилояти Тумен иҷро гардидани қонунгузории меҳнатиро дар сохтмони фабрикаи паррадагии "Абсолют Агро" тафтиш мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Корманди сӯхторхомӯшкунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

Дар робита бо ҳодисаи рӯзи шанбе намояндаи вазорат барои мутобиқ намудани корҳои нозироти меҳнатӣ дар тафтишоти ҳодиса ба вилояти Тумен рафтааст, хабар додаанд аз идора.

"Айни замон мавҷудияти бақайдгирии муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони зарардидагон  муайян карда мешавад",- менависад хадамоти матбуоти вазорати меҳнат.

Ба ғайр аз ин вазорати меҳнат иҷро гардидани қонунҳои меҳнатӣ ва талаботҳои муҳофизати меҳнатиро дар ҶДММ "Абсолют Агро" тафтиш мекунад. Ҳангоми муайян намудани қонуншиканӣ, айбдоршавандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат ба нақша гирифта шудааст, ки бо намояндаи ташкилоти соҳаи сохтмон ва муовини гебернатори вилояти Тумен маҷлис баргузор мешавад.

Шаби 19-уми ноябр дар майдони фабрикаи паррандапарварии "Абсолют Агро", ки дар назди деҳоти Новая Деревняи ноҳияи Юргинский ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад. Дар майдони 32 метри квадратӣ "вагончаи истиқоматӣ" аланга гирифт.

Дар оташ 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ташкилоти "Горизонт" кор мекарданд ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мувофиқи маълумотҳои пешкаӣ сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳ гардидаст. Бо далели ҳодиса мувофиқи моддаи "вайрон намудани талаботҳои бехатарии сӯхтор, ки боиси марги зиёда аз ду нафар гардидааст" парванда кушода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0