Ҷасади муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

© Sputnik / Вадим Брайдов / Гузариш ба медиабонкКорманди сӯхторхомӯшкунӣ. Акс аз бойгонӣ
Корманди сӯхторхомӯшкунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти ширкат хароҷоти интиқоли ҷасади муҳоҷирони тоҷикро ба ӯҳда гирифт. Ба оилаи муҳоҷирон ҷуброн пардохт карда мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҷасади муҳоҷирони тоҷик, ки дар пайи сӯхтор дар вилояти Тюмен ба ҳалокат расиданд санаи 23-юми ноябр ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Шахсияти ҳамаи муҳоҷирон муайян карда шудааст. Нафари охирон, ки дар натиҷаи сӯхтор ҷон дод, ҳамкори муҳоҷирон набуда, ба назди онҳо ба меҳмонӣ омада будааст. Шаш нафари онҳо зодагони вилояти Суғд мебошанд.

Роҳбарияти ширкат хароҷоти интиқоли ҷасади муҳоҷирони тоҷикро ба ӯҳда гирифт. Ба оилаи муҳоҷирон ҷуброн пардохт карда мешавад.

Кормандони намояндагии вазорати муҳоҷират ва меҳнати ҶТ дар Екатеринбурги ФР ба беморхонаи №11 ба аёдати беморон рафта буданд.

"Маълум шуд, ки вазъи саломатии муҳоҷирон вазнин аст, вале ба гуфти духтурон беморӣ ба ҷони онҳо хатар надорад. Табибон барои зудтар сиҳат шудани беморон кушиш карда истодаанд",-гуфта мешавад дар торномаи ҳукуматӣ.

Қаблан хабар дода шуд, ки шаби 19-уми ноябр дар майдони сохтмонии ООО "Абсолют Агро" сӯхтор ба амал омад. Дар пайи он ҳафт муҳоҷир ба ҳалокат расида, се каси дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0