Духтари Ислом Каримов ба хотири падараш бунёди хайриявӣ ташкил кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкИслом Каримов. Акс аз бойгонӣ
Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хотири зинда нигоҳ доштани исми Ислом Каримов, духтари собиқ президент Лола Каримова фонди хайриявӣ ташкил намудааст.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.Лола Каримова- Тиллаева дар саҳифаи Facebook навиштааст, ки ба хотири гиромидошт ва абадзинда гардонидани падараш, ҳамроҳи модар  Бунёди хайриявии ба номи Ислом Каримовро ташкил намудаанд.

"Фонди президент ба нақша гирифтааст, ки осорхонаи аввалин президенти Ӯзбакистонро ташкил мекунанд ва асарҳоеро, ки дар бораи асосгузори кишвар навишта шудаанд, аз чоп мебарорад",- менависад духтари президент.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов, акнун унвони гулгашт дар Маскав гардид

Фонди Ислом Каримов ба нақша гирифтааст, ки барномаҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангиро амалӣ менамояд. Яке каз мақсадҳои асосии фонд баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорони тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат мебошад.

Ба ғайр аз ин бо кӯмаки фонд тарҷумаи асарҳо, нашри китобҳо ба роҳ монда мешаванд.

"Ба ғайр аз ин Фонди Ислом Каримов ба нақша гирифтааст, ки ҳунарҳои мардумиро ривоҷ бахшад. Ҳунарҳои мардумӣ, аз насл ба насл гузашта, то замони мо омада расидааст, бинобар ин яке аз мақсадҳои дигари мо дастгирӣ намудани ҳунармандон мебошад",- омадааст дар хабар.

Моҳи октябр дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд масҷид ба номи Ислом Каримов гузошта шуд. Барқарорсозии масҷиди мазкур аз ҷониби духтари пртезидент — Лола Каримова суръат гирифтааст.

Ҳамчунин ҳукумати Маскав ба нақша гирифтааст, ки дар яке аз тангкӯчаҳои назди сафорати Ӯзбакистон дар Маскав пайкараи Ислом Кароимов гузошта мешавад.

Ислом Каримов аввалин президенти Ӯзбакистон санаи 2-уми сентябр аз бемори сактаи майнаи сар аз олам дар гузашт. Дар кишвар вазифаи президентиро муваққатан Шавкат Мирзиёев иҷро мекунад. Интихобот дар ҷумҳурӣ санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0