ВКХ Русия: забони русӣ бояд дар кишварҳои ИДМ забони дуюми давлатӣ бошад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЛавозимоти хониш барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Лавозимоти хониш барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сиёсати хориҷии Русия кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзалият доранд ва рушди забони русӣ дар ин минтақа вазифаи аввалиндараҷа аст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми забони дуюми давлатӣ будани забони русӣ бояд дар сатҳи қонунгузорӣ тасдиқ шавад, гуфт намояндаи ВКХ-и Русия Элеонора Митрофанова.

"Баъди як насл дар кишварҳои (собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) дигар ҳеҷ кас ба забони русӣ сӯҳбат нахоҳад кард.  Барои ҳамин нисбати  мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ бояд диққати махсус зоҳир шавад, ман фикр мекунам, ки ин тадбир афзалиятнок аст",-изҳор дошт Митрофанова дар рафти мизи мудаввар дар мавзӯъи "Сиёсати забонии ФР, мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон".

Имтиҳонсупории муҳоҷирон дар маркази тестӣ - Sputnik Тоҷикистон
РУДН муҳоҷирини тоҷикро ройгон забони русӣ меомӯзонад

Ӯ гузориши СММ-ро мисол оварда қайд кард, ки аз 138-миллион аҳолиии ИДМ бидуни Русия, танҳо 61 миллион ба забони русӣ озода сухан меронанд, 36,9 миллион бо мушкилӣ  ва 35,6 миллион тамоман  забони русиро намедонанд.

Ӯ қайд кард, ки дар сиёсати хориҷии Русия кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзалият доранд ва рушди забони русӣ дар ин минтақа вазифаи аввалиндараҷа аст.

"Инқилоби забонӣ, ки соли 1989 дар саросари ИҶШС гузаронида шуд, ба он оварда расонд, ки забонҳои миллии кишварҳои ИДМ мавқеи давлатӣ ва забони русӣ бошад, танҳо соҳиби мавқеи забони муоширати байналмиллӣ шуд",-гуфт сафир.

Ӯ бо таассуф арза дошт, ки имрӯз забони русӣ на дар ҳамаи кишварҳо мавқеи забони муоширати байналмиллалиро дорад.

Назарсанҷӣ: забони русӣ дар ҳаёти тоҷикистониён чӣ мақом дорад?

"Ҳатто дар Украина ҳангоме, ки бо насли наврас ба забони русӣ сӯҳбат мекунӣ онҳо бо мушкилӣ фикри худро баён менамоянд. Аксари ҷавонони Гурҷистон тамоман забони русиро намедонанд",-қайд кард Митрофанова.

Мушкилоти асосӣ нисбати забони русӣ, дар Эстония ва Латвия дида мешавад. Он ҷо аксари мардум ба забони русӣ сӯҳбат мекунанд ва дар ин кишварҳо дар "ҳақиқат ҳам табъизи забони русӣ, дар навбати авввал дар соҳаи маориф дида мешавад".

Ӯ гуфт, ки дар ҷаҳон аз ҷиҳати шумораи зиёдтарини донандагони забони русӣ  Полша, Булғористон, Монголия, Чехия, Словакия, Сербия, Олмон, Исроил, ИМА пешсаф буда, дар баробари ин дар 21 иёлоти ИМА ҳатто барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ имтиҳони хаттиро метавон ба забони русӣ супорид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия қайд кард, ки забони русӣ барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.

Лентаи хабарҳо
0