РУДН муҳоҷирини тоҷикро ройгон забони русӣ меомӯзонад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкИмтиҳонсупории муҳоҷирон дар маркази тестӣ
Имтиҳонсупории муҳоҷирон дар маркази тестӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ҷиҳати омодагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ кӯмак мерасонад. Давраҳои таълимӣ ройгон сурат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии   Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода бо ноибраиси Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) Анжела Должикова мулоқот дошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Раванди имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон таҳти назорати Рособрнадзор имтиҳон месупоранд

Ҷонибҳо роҳҳои имконпазири ташкили низоми омӯзишии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки хоҳиши супоридани имтиҳони умумӣ, омода намудани мутахассисон ва созмон додани марказҳо оид ба имтиҳонҳои умумиро дар қаламрави ҶТ доранд, баррасӣ карданд.

Бар асоси  қонунгузории федералӣ аз соли 2015 шаҳодатнома барои донистани забони русӣ, асосҳои қонун ва таърихи Русия санади ҳатмӣ барои гирифтани дафтарчаи меҳнатӣ маҳсуб мешавад.

Аммо дар бархе ҳолот миёнаравон бо роҳи фиреб ба муҳоҷирони зудбовар шаҳодатномаҳои қалбакӣ медиҳанд, ки дар натиҷа ин шаҳрвандон дафтарчаи меҳнатӣ гирифта наметавонанд.

Бо мақсади муайян ва пешгирӣ намудани чунин ҳаводис бону Должикова омодагиашро барои дастрас намудани маълумот нисбат ба шаҳодатномаҳои ҳақиқӣ иброз дошт.

Лентаи хабарҳо
0