ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон қарор дар бораи пардохти мабалғ ба нафаре, ки хабари ӯ, барои пешгирии ҳамлаи террористӣ ба мақомоти ҳукуматӣ кумак мекунад, қабул кард.
Қонун "дар бораи пардохти подош барои хабар, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳамлаи террористӣ кӯмак мекунад" аз 1 январи соли 2017 мавриди истифода қарор мегирад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.
Мувофиқи қарор нафаре, ки барои пешгирӣ ё бартараф кардани ҳамлаҳои терористӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ёрӣ мерасонад, ба қадри аз 750 то 1000 нишондоди моҳона мукофотпулӣ мегирад. Дар ҳоли ҳозир 1 нишондоди моҳона 2121 тенге (6,2 доллар)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, шаҳрвандон метавонанд барои як хабар аз 4,5 то 6,2 ҳазор доллар подош гиранд.
"Мақомоти маҳалӣ бояд ба шахси хабардиҳанда дар давоми се рӯз дар бораи миқдори подош хабар диҳад",-омадааст дар ҳуҷҷат.
Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи амнияти Қазоқистон коркард ва пешниҳод карда шудааст.