Ҷангиёни ДИ барои омода намудани ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав дастгир гардиданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Акс аз бойгонӣ
Омӯзиши вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзоёни гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" бо иттиҳоми омода намудани ҳуҷуми террористӣ дар Маскав ва Ингушетия боздошт гардиданд. Гурӯҳи ҷиноӣ аз ҷониби яке аз ҷангиён, ки моҳи октябр дар Ингушетия нобуд карда шуд, такшил шудааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Хадамоти федералии амнияти Русия панҷ узви гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро, ки ба омода намудани ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав ва Ингушетия машғул буданд, дастгир кард, хабар медиҳад мақомот.

Ҳаб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Петербург тоҷикони дастгиршуда ҳабс гардиданд

"Аз ҷониби ФСБ-и Русия фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба омода намудани ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав ва Ингушетия машғул буда, узви гурӯҳи радикалии "Давлати Исломӣ" мебошанд, боздошт шуд",-омадааст дар хабарнома.

Панҷ нафар узви гурӯҳи радикалӣ дастгир гардиданд. Дар ҳудуди манзили зисташон, таҷҳизоти махсус, панҷ силоҳи оташфишон, ду таҷҳизоти худсохти тарканда бо вазни 10 кг дарёфт гардид.

Дар рафти гузаронидани амалиёти вижа ягон аъзои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб надидааст. Нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷино аз рӯи моддаи "Ташкили гурӯҳи террорристӣ ва иштирок дар амалҳои террористӣ" боз карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0