БДА ба ронандагон: аз таҷҳизоти зиддилағшиш истифода баред

© Sputnik / Амир ИсаевЗимистони Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Зимистони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҶТ санаи 19-уми ноябри соли равон пастшавии боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бо сабаби паст шудани ҳарорати боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар Раёсати бозрасии автомобилӣ ба ронандагон тавсия медиҳад, то аз таҷҳизоти зиддилағшиш истифода баранд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҶТ санаи 19-уми ноябри соли равон  пастшавии боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар пешгӯӣ мешавад.

Зимистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз омадани зимистони ҳақиқӣ ба Тоҷикистон хабар медиҳад

"Аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ дошта бошанд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки хуб мешуд бе зарурат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ  дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.

Лентаи хабарҳо
0