КҲФ аз омадани зимистони ҳақиқӣ ба Тоҷикистон хабар медиҳад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЗимистон. Акс аз бойгонӣ
Зимистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 19 то 26-уми ноябр дар ҷумҳурӣ якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва бориши барфу жола пешгӯӣ мешавад.Канда шудани ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Охири ҳафта дар Тоҷикистон паст шудани ҳарорати ҳаво дар назар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ.

"Аз 19 то 26-уми ноябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ якбора паст шудани ҳарорати ҳаво бориши барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти зиёди барфу жола дар назар аст",-омадаст дар иттилоия.

Дар робита бо ин канда шудани хати барқ ва зиёд шудани садамаи нақлиётӣ аз эҳтимол дур нест.

Боришот дар Душанбе роҳҳоро зери об монд - Sputnik Тоҷикистон
ФР барои вокуниши саривақтии КҲФ-и Тоҷикистон $1,5 миллион ҷудо кард

"Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар иртибот ба ин аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракатро тавассути роҳҳои куҳӣ маҳдуд сохта, аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат намоянд ва ба хати интиқоли нерӯи барқ бештар диққат диҳанд",-ҳушдор медиҳад кумита.

Ҳамчунин намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки зимни канда шудани ноқилҳои барқ даррав ба маъмурияти нуқтаи аҳолинишин хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0