ФР барои вокуниши саривақтии КҲФ-и Тоҷикистон $1,5 миллион ҷудо кард

© Sputnik / StringerБоришот дар Душанбе роҳҳоро зери об монд
Боришот дар Душанбе роҳҳоро зери об монд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи лоиҳаи Таҳкими иқтидор оид ба вокуниш ташкили Низоми ягонаи огоҳикунандаи ҳолатҳои фавқуллода, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва имконоти амалиёти ҷустуҷӯӣ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Таҳкими иқтидор оид ба вокуниш ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода 1,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кард, иттилоъ медиҳад сафири ФР дар ҶТ Игор Лякин-Фролов.

"Якуним ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби Федератсияи Русия ва Бунёди СММ ба Тоҷикистон ҷудо мешавад. Мо ҳамеша барои кумак ба шарики стратегии худ-Тоҷикистон омода ҳастем",-гуфт ӯ дар маросими имзои ҳуҷҷати лоиҳа оид ба ҷудо намудани маблағ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи Бунёди СММ оид ба рушд.

Оқибатҳои сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бартараф намудани оқибатҳои сел дар вилояти Суғд аз ҷониби КҲФ

Ба гуфти ӯ боду ҳавои тағйирёбандаи Тоҷикистон ва ҷойгиршавии ҷуғро боиси сар задани ҳолатҳои гуногуни фавқуллода гардида ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид месозад.

"Танҳо дар соли 2016 зиёда аз 40 ҳолати фавқуллода, ки хисороти то 15 миллион долларро дар пай доштанд, ба қайд гирифта шудааст",-гуфт сафир.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ташкили Низоми ягона оид ба огоҳ намудани мардум аз ҳолатҳои фавқуллода, таҳкими моддию техникии кори Маркази наҷотдиҳӣ "Центроспас" (кумитаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода оид ба амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ) дар назар аст. Наҷотдиҳандагони МЧС-и Русия барои кормандони Центроспас (маркази наҷотдиҳӣ) тренингҳо доир хоҳанд кард.

Дар навбати худ директори минтақави СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст изҳор дошт, ки "вокуниши саривақтӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода барои зиндагии одамон нақши муҳим дорад". Ҳамин тавр лоиҳаи СММ шиш мекунад ин ҳамкории Тоҷикистону Русияро уваффақ гардонад",-изҳор дошт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0