Тоҷикистон минтақаи хатарноктарини сайёҳӣ дониста шуд

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ
Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро коршиносони соҳаи сайёҳӣ ба рӯйхати хатарноктарин кишварҳо барои сайёҳат дохил кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Коршиносони ширкати International SOS ва Control Risks хатарноктарин минтақаҳои сайёҳиро барои соли 2017 муайян карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти International SOS.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро коршиносони соҳаи сайёҳӣ ба рӯйхати хатарноктарин кишварҳо барои сайёҳат дохил карданд.

Коршиносон қайд менамоянд, ки дар ин кишварҳо барои сайёҳон хизматрасонии базавӣ чун ёрии аввалини тиббӣ ва духтури дандон дастрас буда, дар баробари ин дарёфти доруи босифат хеле мушкил аст.

Ҳамчунин бемориҳои вазнини сироятӣ чун: домана, табларза, вабо ва вараҷа метавонад ба ҳаёти сайёҳон хатар дошта бошад.

Музаффари Имомдод дар назди кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Дар рафти муайян кардани сатҳи хатарнокӣ ҳамчунин омилҳое чун: терроризм, ҷанг, сатҳи умуми ҷиноят ва ташаннуҷи иҷтимоӣ ба назар гирифта мешавад. Дар баробари ин шумораи офатҳои табиӣ, самаранокии кори амният ва хадамоти ҳолатҳои фавқуллода ва эътимоднокии инфрасохтори нақлиётӣ ба инобат гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро аз рӯи хатарноктарин минтақаи сайёҳӣ дар мақоми 76-ум  ҷой дода буд.

Кишварҳои хатарноктарини ҷаҳон Ливия, Мали, Судани Ҷанубӣ, Яман, Сурия, Афғонистон ва Венесуэлла дониста шуданд.

Лентаи хабарҳо
0