ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.Дар Тоҷикистон ду бародар барои тарғиб намудани ғояҳои террористии "Давлати исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) гунаҳкор дониста мешаванд.
Онҳо ба 15 сол ва 17 сол маҳкум карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки гунаҳкорон мӯҳлати ҳукми худро дар муассисаҳои низомаш қатъӣ мегузаронанд.
Бародарон истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, Хушвақт Ҳалимов 26 сол дорад ва Сайдулло Ҳалимов 43-сола аст. Онҳо аз тарафи суди ноҳияи Сомонӣ барои тарғиби ғояҳои ДИ, ҷалби шаҳрвандон ба ҷониби ин ташкилоти террористӣ ба мӯҳлати 17 ва 15 сол дар калонияҳои низомашон қатъӣ, маҳкум карда шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар парванда ҳамчунин ду бародари дигари маҳкумшудагон- Нурруллои 41-сола ва Муродалии 35-сола ҳастанд, ки он ба кофтукови байналмиллалӣ эълон карда шудаанд.