Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки наздики миллиард доллар қарз мегирад

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллар, акс аз бойгонӣ
Доллар, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзҳои гирифташуда ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ, энергетика, алоқа, манзили истиқоматӣ ва раёсати давлатӣ истифода карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки се соли минбаъд 916 миллион доллар қарз мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи Тоҷикистон боз $5 млн. зиёд гардидааст

Чуноне ки дар маҷлиси парлумон вазири молияи ҶТ Абдусаломи Қурбониён қайд намуд, ки қарзҳои гирифташуда ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ, энергетика, алоқа манзили истиқоматӣ ва раёсатҳои давлатӣ сарф карда мешаванд.

"Парлумони Тоҷикистон барномаи давлатии қарзҳои берунаро барои солҳои 2017- 2019 қабул намуд. Дар се соли оянда кишвар дар маблағи 916 миллион доллар қарз мегирад",- гуфт вазири молия.

Ба гуфтаи вазири молия мӯҳлати бар гардонидани қарзҳо аз 20 сол то 40 солро ташкил мекунанд, ки ҳаҷми фоизи солонаи он аз 0,5-2фоизро ташкил медиҳад. 35% ин маблағҳо грантҳо ва ё қарзҳои бебозгаштро ташкил мекунанд. Қарздиҳандагони асосии барнома Бонки рушди умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки исломӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Фонди рушди Арабистони Саудӣ ва бонкҳои Чин мебошанд.

Ҳоло қарзи берунаи Тоҷикистон 2, 276 миллиард долларро ташкил мекунад, ки 36% ҳаҷми маҳсулоти дохилии  кишварро ташкил мекунад.

Хабар дода мешавад, ки вакилони палатаи поёнии Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи ҶТ барои соли оянда қабул кардаанд. Ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ 58,9 миллиард сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба соли 2016  ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ зиёдтар аст. Қисми хараҷоти буҷҷа 19,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0