ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ширкати коркарди технологияи нав низоми ҷадиди идоракунии хӯроки ҳарбиёнро, дар зиёда аз 700 обекти Вазорати мудофиаи ФР, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба роҳ монд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
"Ширкати мо таҷҳизоти навро дар пойгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия аз ҷумла дар Арманистон, Тоҷикистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Қирғизистон ва ғайра насб кард",-изҳор дошт роҳбари дипартаменти рушди технологӣ Павел Анисимов.
Қайд мегардад, ки таҷҳизот аз нармафзор бо хизматрасонии идоракунӣ, ду экрани сенсорӣ ва санҷандаҳои биометрӣ иборат буда, тариқи изи ангушт ба кор медарояд.
"Бо ёрии инфомати якум дар сурати дер мондан, низомӣ аз хӯрок маҳрум карда мешавад, тавассути экрани дуюм бошад, тариқи изи ангуш барои гирифтани хӯрок шахсияти низомӣ маълум карда мешавад",-омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр баъди дарёфти маълумоти зарурӣ барнома тариқи худкор ҳаҷми муайяни хӯрокро барои ҳар як низомӣ муайян менамояд.