ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Наздики 30 нафар баъди истеъмоли хӯрок дар бургер-кафеи шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон дар бемористон бистарӣ шуданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Чуноне директори бемористони сироятии вилоят Надия Ахметова, 9 ноябр хабар медиҳад, беморон бо шикояти дарди шикам ба беморхона муроҷиат кардаанд.
"То имрӯз дар бемористон 27 нафар бистарӣ карда шуданд, аввал нишонаҳои дарди руда буд, вале ташхис муайян кард, ки ин-салмонеллез будааст. Вазъияти ҳамаи беморон вазнини миёна аст, камаш онҳо ҳафт рӯз дар бемористон мемонанд",-гуфт Ахметова.
Маълум гардид, ки ҳамаи беморон баъди истеъмоли бургер, рӯзи 8-уми ноябр дар бургер-кафеи воқеъ дар маркази савдои Уралск дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир фаъолияти кафе қат карда шудааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони идора оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тафтишот бурда истодаанд.
Салмонеллез- сирояти шадиди меъда дар пайи дохил шудани бактерияҳои Salmonella мебошад. Роҳи асосии заҳролудшавӣ-истеъмоли хӯроки ба таври нодуруст омодашуда аст. Беморӣ хатарнок буда дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метавонад шахсро ба ҳалокат дучор намояд.