ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik.Дар Петербург 8 нафар гумонбарони аъзои террористӣ, ки мехостанд дар Маскав ва Санк- Петербург теракт ба амал оранд, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар дод ба РИА Новости котиби матбуоти суди шаҳрии Санкт — Петербург Даря Лебедова.
"Рӯзи гузашта суди ноҳиявии Калинин нисбати ҳашт нафар дастгишудагон ҳабси пешакӣ ба мӯҳлати 2 моҳ муайян намуд",- гуфт Лебедова.
Ба гуфтаи вай дастгиршудагон дар гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда гунаҳкор дониста мешаванд. Ҳоло дар бораи гунаҳкор донистани онҳо мувофиқи дигар моддаҳои КҶ ФР маълум нест.
Рӯзи шанбе ХФБ ФР хабар дод, ки дар Санк- Петербург ва Маскав даҳҳо гумонбарони амалҳои террористиро дастгир кардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд.
Мувофиқи маълумоти хадамоти махсус ҷанговарон иқрор шудаанд, ки онҳо бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳамкорӣ мекарданд. Аз дастгиршудагон 4 бомбаҳои худсохт, силлоҳҳои оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳозоти алоқа дарёфт карданд.
Мувофиқи маълумотҳои ФСБ террористон дар бораи мақсадҳои худ нақл карданд ва шахсиятҳои ҳамкорони худро дар Русия ва хориҷ ошкор намуданд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон амали дастгиршудагон аз давлати Сурия идора карда мешуд.