ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.Бонки миллии Қазоқистон ба муносибати Рузи аввалин президент санаи 1-уми декабри соли 2016 пули коғазиро бо арзиши 10000 танга ва дарҷи акси раиҷумҳури кишвар ба муомила сар медиҳад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"Таърихи истиқлолият бо шахсияти президенти кишвар марбут мебошад. Барои ҳамин Бонки миллии пули ҷашниро бо муносибати 25-солагии истиқлолияти кишвар пешниҳод мекунад, ки дар он хизматҳои раисҷумҳур дар рушди кишвар инъикос гардидааст",- гуфт раиси Бонки миллии ҶҚ Донёр Акишев дар конфронс дар Остона.
Ӯ қайд кард, ки Нелсон Мандела, Мустафо Комил Отатурк, Ли Куан Ю, Уинстон Черчилл ва дигар пешвоёни сатҳи ҷаҳонӣ низ дар пулҳои миллии кишварҳояшон дарҷ гардидаанд.
"Боварӣ дорам, ки пули 10000 танга низ бо акси Нурсултон Абишевич Назарбоев дар ин росто ҷойи худро мегирад",- гуфт раиси бонк.
Ғайр аз ин Дониёр Акиев тангаи ҷашниро низ ба муносибати 25-солагии истиқлолият ба ҳозирон рӯнамоӣ кард.