ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Яке аз соҳибкорони тоҷик роҳбари филиали КВД "Тоҷиксуғурта" дар Шаҳринав Шариф Каримов пешниҳод кард, ки дар рӯи асъори миллии1000 сомонӣ расми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.
Бино ба гуфтаи Каримов Тоҷикистонро маҳз бо хизматҳои шоистаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду қадр мекунанд. Бо ибтироки роҳбари давлат даст дод, то ҷанги шаҳрвандӣ поён ёбад, мардум аз гуруснагӣ наҷот ёбанд ва гурезагон ба манзилҳои худу ба ватанашон баргарданд, навиштааст Шариф Каримов дар яке аз нашриётҳои маҳаллӣ.
Маҳз барои ҳамин бояд расми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ рӯи асъори 1000 сомонӣ дарҷ гардад.
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асъори миллии зерин, ки аз ҷониби бонки милии ҶТ бароварда мешаванд дар муомилот қарор доранд: 1,3,5,10,20,50,100,200 ва 500 сомонӣ. Дар рӯи пулҳои миллӣ аксҳои ашхоси барҷастаи таъриху адабиёти халқи тоҷик, донишмандон, файласуфон, шоирон ва кормандони фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дарҷ гардидааст.