Шоҳмотбози тоҷик дар Қазоқистон медал ба даст овард

© Sputnik / Сергей Черных / Гузариш ба медиабонкДар бозии шоҳмот, акс аз бойгонӣ
Дар бозии шоҳмот, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қарагандаи Қазоқистон дуввумин мусобиқа барои ба даст овардани мукофоти ҳокими Қараганда оид ба шоҳмот гузаронида шуд. Тоҷикистонро дар мусобиқа Муҳаммад Ҳусенхоҷаев намояндагӣ мекард, ки натиҷаҳои хуб ба даст овард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.Намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба шоҳмот дар Қазоқистон иштирок намуд.

Мусобиқа оид ба шоҳмот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳмотбози тоҷик дар Алмато дар сабқати байналмиллалӣ ширкат меварзад

Имсол дар бозӣ таркиби иштирокдорон тағийр ёфтааст, аммо шукли гузаронидани мусобиқа дигаргун нашудааст — 10 нафар дар як даври бозӣ.

Дар сабқатҳо шоҳмотбозон аз Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Тоҷикистонро Муҳаммад Ҳусенхоҷаев намояндагӣ мекард. Ӯ дар бозӣ ба муваффақиятҳо ноил шуд: чор маротиба ба қирғизҳо ва намояндаи Қазоқистон ғолиб омад ва се маротиба бо шоҳматбозони Қазоқистон ва Украина ба ҳисоби баробар бозӣ кард.

Дар натиҷаи сабқат Ҳесенхоҷаев бо гирифтани 7 хол мақоми дуввумро ба даст овард.

Семетей Толоғонтегин бо гирифтани 7,5 хол аз Қирғизистон ҷойи аввалро ва Боҳирҷон Қосимов бо гирифтани 6 хол мақоми севвумро ба даст овардаанд.

Лентаи хабарҳо
0