ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.Дар Алмато сабқати байналмиллалӣ оид ба шоҳмот "Almaty — Open 2016" оғоз гардид, ки 108 бозингаронро аз ҳашт кишвар- Белгия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ҷамъ овардааст.
Иштирокдорони сакбқат Воҳидов Ҷаҳонгир аз Ӯзбакистон, Малахатко Вадим аз Белгия, Утеғалиев Азамат аз Қазоқистон ва Безгодов Аликсей аз Русия мебошанд. Фонди умумии мукофот 2 500 000 тангаро ташкил медиҳад. Гирандаи ҷойи аввал ба 450 000 танга мукофотонида мешавад.
Мусобиқа дар 9 давра баргузор мешавад, ки ҳар яки он 90 дақиқаро дарбар мегирад.
Тоҷикистонро дар сабқат Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев намояндагӣ мекунад.
Аллакай панҷ давраи бозӣ гузаштааст. Дар натиҷаи давраҳои сипаришуда бозингар Аристанбек Уразаев аз Қазоқистон бо гирифтани 5 хол дар мавқеи аввал қарор дорад. Дар ҷойи дуввум Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Константина Казакова аз Қазоқистон бо гирифтани 4,5 хол қарор доранд. Ҷойи саввумро 13 нафар иштирокдорон гирифтаанд, ки 4 холӣ ба даст овардаанд.