ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазъи саломатии 52 хонандаи мактаби ҳамагонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) ахири ҳафтаи гузашта бад шуда, ҳамаи онҳо ба маркази саломатии Хоҷағалтон ва баъдан ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол ёфтанд, иброз дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров.
"Тибқи маълумоти мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як рӯз пеш дар ҳудуди мактаб корҳои беҳдоштию безараркунӣ гузаронида шуда буданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои безараркунӣ ягон хел қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод нашудаанд. Аз ҳамин сабаб 52 хонанда бо нишонаҳои дарди сар, қайкунӣ ва беҳолӣ ба муассисаҳои табобатӣ муроҷат намуданд. Муайян карда шуд, ки ҳангоми корҳои беҳдоштӣ маводи кимиёвии алфасиперметрин ва нурел д истифода шудаанд. Мақсад аз истифодаи ин мавод безараркунӣ ва дезинфексия мебошад, зеро бо гарм шудани ҳаво чунин корҳо бояд тез-тез гузаронида шаванд",-илова намуд Ҷаъфаров.
Тавре ки маълум гардид, пас аз муоинаи хонандагон 7 нафар бо нишонаи заҳролудшавии вазниниаш миёна ба қайд гирифта шуда, дар беморхона то 28 май нигоҳ дошта шуданд. Боқимонда дар ҳолати миёна ва хуб худи ҳамон рӯз ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
"Аз ин ҳодиса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия огоҳӣ дошта, дигар мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд»,-афзуд муовини вазир.
Ба ҳамин монанд, аз ҳуш рафтани хонандагони синфҳои болоии мактаби миёна, воқеъ дар деҳоти Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат бо нишонаҳои заҳролудшавии умумии бадан, аз ҷумла бо аломатҳои дилбеҳазурӣ ва қайкунӣ ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шуд.
"Даҳ нафар хонандагони синфҳои болоӣ бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Ҳангоми ташхис муайян шуд, ки ин заҳролудшавии ғизоӣ нест. Ҳангоми пурсиш муайян карда шуд, ки хонандагон як намуд гули саҳроиро ба синфхона оварда, онро бӯй кардаанд. Аз сабаби ҳассосияти баланд 10 нафар ба заҳролудшавии умумии бадан мубтало гаштаанд",- идома медиҳад оқои Ҷаъфаров.
Ҳамаи нафарони заҳролудшуда дар муассисаҳои тиббӣ пурра муоина шуда, тамоми намуди ташхисро гузаштанд ва даруни ҳар нафарашон бо маводи безараркунӣ тоза карда шуд.