Дар Тоҷикистон камбизоатонро муайн намуда, кӯмакпулӣ медиҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевПули сомонӣ
Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон 31% аҳолӣ камбизоат ба шумор мераванд, солҳои охири 90-ум бошад ин нишондод 83% ташкил мекард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik.Дар Тоҷикистон феҳристи ягонаи оилаҳои камбизоатро ташкил мекунанд.

Ҳоло дар феҳрист аллакай 60 ҳзр оилаҳои тоҷик дохил карда шудаанд, хабар дод дар маҷлиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ноиби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Саида Умарзода.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода: сатҳи камбизоатӣ паст мешавад, даромаднокӣ зиёд

Ӯ қайд намуд, ки имрӯзҳо ба  97 ҳзр. оилаҳои камбизоати 25 ноҳия ва шаҳрҳои Тоҷикистон кӯмаки иҷтимоӣ  дар намуди 400 сомонӣ расонида мешавад.

"Соли оянда 25 шаҳр ва ноҳияҳои дигари кишвар  низ бо кӯмакпӯлӣ таъмин карда мешаванд, — хабар медиҳад ноиби вазири вазорати тандурустӣ.

Ҳоло дар кишвар индикаторҳои муайянкунандаи оилаҳои камбизоат ташкил карда шудааст. Ҳангоми муайян намудани сатҳи камбизоатӣ, пеш аз ҳама сатҳи камбизоатӣ манбаи даромади оила, шумораи аъзоёни коршоям дар оила, шумораи кӯдакон ва маъюбон ба назар гирифта мешаванд.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, ҳоло қариб 31% аҳолии  Тоҷикистонро мардуми камбизоат ташкил мекунанд. Охири солҳои навадум бошад ин нишондод  83% ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0