ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.Дар ин бора сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Русулзода ҳангоми баромади хеш дар назди иштирокдорони Форуми байналмиллалии соҳибкорон изҳор дошт, ки санаи 14-уми октябр дар Душанбе баргузор гадид.
"Ба туфайли амалӣ гардидани стратегияҳои миллӣ ва барномаҳо, тайи 15 соли охир қурби миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон 7.8%-ро ташкил дод. Даромаднокии буҷаи давлатӣ аз 300 млн. то 18 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Якҷоя бо ин даромади аҳолӣ 25 маротиба зиёд шуда, амонатгузорӣ бошад се маротиба — 83% соли 2015 зиёд гардид, ки охири соли 2000-ум 31%-ро ташкил медод",- қайд намуд ӯ.
Дар умум дар солҳои истиқлолият ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 63 млрд. сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
"Ин маблағҳо асосан барои ташаккули соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиб, маориф ва хоҷагии қишлоқ сарф карда шуданд",- қайд кард Расулзода.
Мавзӯи форум — "Рушди саноати миллӣ ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ" мебошад. Дар ин ҳамоиш аз 30 кишвар қариб 400 намояндагони доираҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ гуфтушунид мекунанд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, дарёфти шарикони нав, густариши муносибатҳои минбаъдаи иқтисодӣ, ҳамчунин баланд бардоштани робитаҳои корӣ байни соҳибкорон ва сармоягузоронро баррасӣ карданд.
Қайд гардид, ки мувофиқи ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон се сол пайи ҳам — 2010, 2011, 2015 ҳамчун кишвари ислоҳотгар муаррифӣ карда мешавад, ки ин нишондиҳандаи муҳими рушди кишвар тавассути ислоҳот, ташкили инфрасохтори боэътимод ва баланд бардоштани амнияти энергетикӣ мебошад.