Муовини вазири ВУХ-и Русия ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГригорий Карасин. Акс аз бойгонӣ
Григорий Карасин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари дурӯзаи ҳайати Русия таҳти роҳбарии муовини вазири вазорати корҳои хориҷии ФР санаи 9 ва 10-уми ноябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳафтаи оянда як ҳайати воломақоми Русия, таҳти роҳбарии муовини вазири ВКХ-и Русия  Григорий Карасин ба Тоҷикистон меравад.

Сиёсатмадорони рус санаи 9 ва 10-уми ноябри соли равон ба пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд.

Карасин шурӯъ аз соли 2005 инҷониб дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Русия оид ба муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои ИДМ ва ҳамватанони бурунмарзӣ адои вазифа мекунад.

Ин сафари ҳафтуми ҳайати воломақоми Русия ба Тоҷикистон дар давоми сол мебошад.

Лентаи хабарҳо
0