ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Намояндаи махсуси иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, сафир Петер Буриан ба Қирғизистон бо сафари расмӣ ташриф овард, хабар медиҳад намояндагии ИА дар кишвар.
Сафари Буриана то санаи 12-уми ноябр давом мекунад. Ӯ конфронси минтақавии "Пешгирии ифротгарои дар Осиёи Маркази"-ро дар Бишкек тайи санаҳои 10-11-уми ноябр ташкил мекунад.
"Дар конфронс сабабҳои радикалишавии ҷамъият, баррасии таҷрибаи кишвар дар пешгири намудани он ва таҳкими муносибатҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ муҳокима мешавад",- омадааст дар хабар.
Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо Буриан ҳамчунин бо аъзоёни ҳукумат, вакилон ва фаъолони ҷамъиятӣ во хӯрда, масоили таҳкими муносибатҳоро байни Қирғизистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мекунад.