ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.Ширкати бузурги туркии Turkish Airlines қарор қабул кардааст, ки парвозҳо ба самти Хуҷанд аз Истамбул лағв карда шаванд.
Дар умум ширкати ҳавоӣ 17 хатҳои байналмиллалии худро дар тамоми ҷаҳон бекор намудааст, хабар медиҳад нашриёти Hurriyet Daily News.
Бо робита бо лағви сафарҳои ҳавоӣ 30 тайёраҳои мусофирбар муваққатан аз истифода берун карда мешаванд. Дар умум ҳоло ширкат 298 тайёраи мусофирбар дорад.
Ғайр аз ин Turkish Airlines дар 5 самти дохилӣ низ парвозҳои худро қатъ кардааст.
Дар рӯййхати парвозҳои лағвкардаи ширкат баъзе аз шаҳрҳои Алҷазоир, Фаронса, Олмон, Эрон, Итолиё, Урдун, Ҳолландия, Нигерия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Украина ва Қирғизистон дохил мешаванд.