ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" ҳафтае ду маротиба аз фурӯдгоҳи Жуковский ба Душанбе парвоз мекунанд, хабар медиҳад "Коммерсант".
Дар доираи музокироти дуҷониба, ки бо иштироки намояндагони вазоратҳои нақлиёти ду кишвар шуда гузашт, Русия тавонист мавқеи худро оиди вазъи минтақавии фурӯдгоҳи Жуковский нигоҳ дорад ва ҳуқуқи ҳафтае ду маротиб ба Тоҷикистон парвоз карданро пайдо кунад.
"Дар рафти музокирот ҷониби Душанбе эътироф кард, ки фурудгоҳи Жуковский ба минтақаи ҳавоии Маскав дохил намешавад. Пас аз гуфтушунидҳо ҷониби Русия соҳиби ду парвоз дар як ҳафта гардид, дар ҳоле, ки мехост то се маротиба дар як ҳафта павроз анҷом диҳад",-қайд мекунад нашриёт.
Нашриёт аз суханони директори "Авиапорт" Олег Пантелеев менависад, ки мақомоти Русия ба мавқеъи худ ва анҷом ёфтани музокирот ба ин тартиб бовар доштанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони Тоҷикистон барои анҷом додани музокирот оиди иҷозати парвоз аз фурӯдгоҳи Жуковкий ба Душанбе ба Маскав омаданд. Ҷонибҳо дар рафти муҳокимаи масъала ба мувофиқа расиданд.