Волидон аз бурду бохти фарзандон тариқи рӯзномаи электронӣ огоҳ мешаванд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкДар мактаб. Акс аз бойгонӣ
Дар мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир барнома ройгон буда, шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 бо се намуди тариф: ройгон, асосӣ ва стандартӣ, ки нархи он 3-6 доллар дар як сол мебошад, роҳандозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон барномаи аввалини рӯзномаи электронии eRuznoma, ки ба волидон имкон медиҳад, то аз иштирок, баҳо, ва кӯшиши фарзанди худ дар мактаб огоҳ шаванд, ба роҳ монда шуд.

Ба низоми рӯзномаи электронӣ, ки танҳо охирҳои моҳи гузашта расман роҳандозӣ гардид, аллакай волидони 12,6 ҳазор хонандагони 10 мактаби миёни пойтахт пайваст шудаанд.  Ин барномаро метавон тариқи  Google Play дар телефонҳои ҳамроҳ ҷой дод.

Талабагони синфи якум дар мактаби шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони тоҷик истироҳат мекунанд, муаллимон меҳнат

Рӯзномаи электронӣ ба волидони хонандагон имкон медиҳад, то бо маъмурияти мактаб алоқаи ҳамешагӣ дошта, аз баҳо, иштирок, вазифаи хонагӣ, тақвими дарси солона ва ҳамчунин баҳоҳои ҷамъбастӣ огоҳӣ дошта бошанд.

Дар баробари ин маъмурияти мактаб волидонро барои даъват ба вохӯрӣ тариқи фиристодани смс-паёмак хабар мекунад. Дар ҳоли ҳозир барнома ройгон мебошад.

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 барномаи рӯзномаи электронӣ бо се намуди тариф роҳандозӣ мешавад: ройгон, асосӣ ва стандартӣ, ки нархи  онҳо он 3-6 доллар (35-50 сомонӣ) дар як сол хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0