Хонандагони тоҷик истироҳат мекунанд, муаллимон меҳнат

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкТалабагони синфи якум дар мактаби шаҳри Душанбе
Талабагони синфи якум дар мактаби шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон хонандагони синфи якум як ҳафта- аз санаи 24-уми октябр то 1-уми ноябр ба таътил мебароянд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз ҳисоби дарсҳои моҳи август як ҳафта истироҳат мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бар хилофи хонадагони синфи болоӣ, талабагони синфи 1-ум як ҳафта ба таътил мебароянд. Муаллимон бошанд дар ин муддат дар ҷустуҷӯи методҳои нав мешаванд.

"Муаллимон мегӯянд, ки толибони синфи як тайи се моҳи дарс монда шудаанд, зеро онҳо моҳи август ҳам ба мактаб меомаданд", — мегӯяд Солиҳа, яке аз волидон.

Илова бар ин,  яке аз муаллимаҳои мактаби шаҳри  Душанбе изҳор дошт, ки дар муқоиса бо талабагон муаллимон истироҳат намекунанд. Онҳо дар ин маврид  бо корҳои методии худ машғул мешаванд ва барои қабули хонандагон  омодагӣ мебинад, то ба тарзи нав ва шавқовартар ба талабагони синфи 1-ум дарс гӯянд.

Дар ҳамин ҳол Солиҳа, мегӯяд, ки дардавоми  таътил бо духтарчааш  ба ҷойе намеравад ва дар хона дарсҳои гузаштаи мактабро такрор мекунанд.

Зан аз рафти дарсҳои мактаб розӣ буда, мегӯяд, ки ба фарзандонаш муаллимони босавод дарс медиҳанд ва рафти таълим хуб аст.

Дар мактаб як маҳал хӯрок низ медиҳанд, ки қисме аз маҳсулотҳои онро талабагон аз хона мебаранд ва барои дигар хараҷоти ошхона ҳар моҳ се сомонӣ маблағ ҷамъ мекунанд.

"Духтарчаам мегӯяд, ки дар мактаб танҳо хӯроки якум медиҳанд, аммо баъзан оши палав ҳам мепазанд",- мегӯяд зан.

Зан дар охир гуфт, ки ду фарзандаш дар ду мактаб таҳсил мекунад ва барои ҳар яки онҳо моҳонапулӣ месупорад. Барои духтарчааш, ки синфи якум меравад дар як сол 80 сомонӣ пардохт мекунад ва барои писарчааш бошад, 54 сомонӣ. Ба гуфтаи зан нархи моҳона ба шумораи талабагони мактаб вобаста аст.

" Чанд қадар, ки шумораи талабагон зиёд бошад, ҳамон қадар моҳона ҳам арзонтар мешавад",- мегӯяд Солиҳа.

Ба гуфтаи зан, дар як синф бо фарзандонаш 27-нафарӣ талаба таҳсил мекунанд.

Бояд хотиррасон шуд, ки имсол ба синфи якуми мактабҳои ҷумҳурӣ дар умум 200 ҳзр. хонандагон ворид гардидаанд.

© SputnikБарои як талаба чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
Барои як талаба чӣ қадар маблағ сарф мешавад? - Sputnik Тоҷикистон
Барои як талаба чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

 

 

Лентаи хабарҳо
0