ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Авоили моҳи декабр дар шаҳри Дубай вохурии ду кишвар Тоҷикистон ва Покистон оиди ҳуҷҷатҳои тендерӣ дар зеристгоҳҳои лоиҳаи энергетикии CASA-1000 баргузор мешавад, хабар дода мешавад дар торномаи расмии лоиҳа.
Вохӯрии ҷонибҳо санаи 5, 6-уми декабр дар Дубай дар назар аст. Ҷонибҳо кори истгоҳҳои Сангтудаи Тоҷикистон ва Ноушери Покистонро муҳокима мекунанд.
Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia — South Asia) тавлиди қувваи барқро дар Қиғгизистону Тоҷикистон пешбинӣ намуда, нақли онро ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад.
Бино бар ақидаи таҳиягарон, CASA-1000, на танҳо имконияти истифодаи пурраи қувваи обии Осиёи Марказӣ ва таъмин намудани нерӯи барқи арзонро фароҳам меоварад, балки дар минтақа ҳамгироии иқтисодӣ ва суботи сиёсиро таъмин менамояд.Баъд аз ба итмом расидани лоиҳа, қувваи барқ ба воситаи хатҳои баландшиддат аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба дарозии 477 километр ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон-750 км. интиқол дода мешавад.
Лоиҳаро Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломӣ, Агентии рушди байналмиллалии ИМА (USAID), Вазорати ҳамкории байналмиллалии Британияи Кабир (DFID), Агентии рушди байналмиллалии Австралия (AusAID) дастгирӣ мекунанд.