CASA-1000 барои Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса дорад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкНерӯгоҳи Барқӣ.Акс аз бойгонӣ
Нерӯгоҳи Барқӣ.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даромади аз ин пружа ба даст омада метавонад барои тақвияти низоми энержии ин кишварҳо, бахусус барои ҳалли масъалаи камбуди барқ дар мавсими зимистон дар ин равона шавад.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муовини раиси минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Аннет Диксон  аснои суҳбат дар бораи бунёди хати баландшиддати барқ байни Тоҷикистону Покистон гуфт, тарҳи мазкур як манбаи доимии даромад барои Тоҷикистону Қирғизистон мешавад ва барои рушди иқтисодии Афғонистону Покистон равона мегардад.

Ба қавли ӯ, тарҳи CASA-1000, ки иҷрои он чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон расман шурӯъ шуд, барои рушди иқтисоди ин кишвар ва субот дар Афғонистон муҳим аст.

Cохтмони НБО. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маросими ифтитоҳи CASA-1000 дар ҶТ баргузор мешавад

"Ин тарҳ хеле муҳим аст, чунки чаҳор кишварро ба хотири ҳалли масоили энержиашон ба ҳам меорад.  Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тобистон мизони барзиёди нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Онҳо имкон доранд, ки аз ҳисоби содироти нирӯи барқи изофагӣ мавсими тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, яъне Афғонистону Покистон барқ ирсол кунанд",- афзуд Диксон.

Гуфтанист, кишварҳои ёдшуда дар фасли тобистон бо камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ ҳастанд. Онҳо ҳаққи ин барқро ба  Қирғизистон ва Тоҷикистон пардохт мекунанд. Даромади бадастомада метавонад барои тақвияти низоми энержии ин кишварҳо, бахусус барои ҳалли масъалаи камбуди барқ дар мавсими зимистон дар ин кишварҳо равона шавад.

Арзиши тарҳи КАСА-1000 ҳудуди 1,1 миллиард доллар буда, барои пуштибонии молии он, 7 ниҳоди байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд. 

Лентаи хабарҳо
0