Ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия давом меёбад, парвозҳо аз Жуковский низ суръат мегиранд

© Sputnik / Эмин Джафаров / Гузариш ба медиабонкФурудгоҳи байналмиллалии "Жуковский" дар вилояти Маскав, акс аз бофгонӣ
Фурудгоҳи байналмиллалии  Жуковский дар вилояти Маскав, акс аз бофгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфтушунидҳои дуҷониба ба муваффақият ба итмом расиданд: Русия ва Тоҷикистон ҳаракатҳои ҳавоии худро пурра давом хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.Намояндагони вазорати нақлиёти Русия ва Тоҷикистон гуфтушунидҳои худро оид ба хатҳои ҳавоии байни кишварҳо ба итмом расониданд ва ихтилофи пештар мавҷудбударо аз байн бардоштанд.

"Тарафҳо дар натиҷаи гуфтушунид ба хулоса омаданд, ки рафтуомади ҳавоии байни кишварҳо ба пуррагӣ доввом меёбад. Парвозҳои ширкатҳои ҳавоии ФР аз Жуковский низ суръат хоҳад гирифт",- гуфт ба РИА Новости намояндаи Вазорати нақлиёти Русия.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон  ба Маскав барои ҳалли масъалае, ки нисбати парвозҳо аз фурудгоҳи нав Жуковский пайдо шудааст, ҳозир шудаанд.

Намояндаи вазорати нақлиёти ФР пештар хабар дод, ки ҷониби ҳавопаймоҳои Тоҷикистон қабули парвозҳои Русияро аз фурудгоҳи Жуковский рад карданд.

Вобаста ба ин Русия метавонист аз санаи 8-уми ноябр хатҳои ҳавоии байни Тоҷикистонро бо кишвар қатъ кунад, то ин ки ҳуқуқи ширкатҳои ҳавоии Русия поймол карда нашаванд. Ҳафтаи гузашта дар Бишкек Русия ва Тоҷикистон эҳтимоли қатъ гаштани парвозҳои ҳавоиро байни кишварҳо муҳокима намуданд.

Лентаи хабарҳо
0