ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Аъзоёни Маҷлиси миллии парлумони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат" мақоми конститутсионӣ доданд.
Мувофиқи қонуни канститутсионии пештар қабулкардаи палатаи поёнии парлумон, Пешвои миллатро дастгир намудан, ҳабс кардан, ва тафтиш кардан манъ карда шудааст. Амволи пешво ва хешовандонаш дахлнопазир ба ҳисоб меравад.
Ба ғайр аз ин Фонди махсуси Пешвои миллат, Ордени Пешвои миллат ва Мукофоти пешвои миллат ташкил карда мешавад. Вакилони маҷлиси намояндагон якдилона барои ба Эмомалӣ Раҳмон додани мақоми асосгузори Тоҷикистони мустақил овоз доданд.
Рӯзи сешанбе вакилон ҳамчунин қабули қонуни конститутсионии "Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ, хидмат ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" — ро тавсиб намуданд. Мувофиқи қонун дар ҳамаи ҷашнҳои тантанавӣ ва ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ, дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ва парлумони кишвар барои Пешвои миллат ҷойи махсус ташкил карда мешавад, ки бо технологияҳои замонавӣ ва алоқа таҷҳизонида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат" якдилона аз ҷониби палатаи поёнии парлумон санаи 9-уми декабр ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ санаи 18-уми декабр ба тавсиб расид.
Пешвои миллат баъд аз мақоми президентӣ рафтан низ, ҳуқуқи ба халқ муроҷиат намудан ва дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ иштирок карданро дорад.