ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид карда мешавад, ки он ба таҳқири Асосгузори сулҳи ва ваҳдати миллӣ ва Пегшвоӣ миллат вобаста мебошад.
Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ", ки аз ҷониби палатаи пиёнии ҶТ якдилона санаи 9-уми декабр тасдиқ гардид ва аз ҷониби маҷлиси миллӣ санаи 18-уми декабри соли 2015 қабул шуд, Пешвои миллат перзиденти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шудааст.
Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағийроту иловаҳо ба КҶ ҶТ аз тарафи раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон санаи 13-уми октябр ба имзо расид.
Моддаи мазкур ба Кодекси ҷиноии ҶумҳурииТоҷикистон пешниҳод карда шудааст, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва тӯҳмат ба ҷониби ӯ, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда мешавад, омадааст дар қарори ҳукумат.
Ҳамин тавр ҷавобгарӣ нисбати нафароне пешбанӣ карда мешавад, ки ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммма Пешвои миллатро таҳқир мекунанд. Аммо чӣ гуна ҷовобгарӣ будани он дар қарор нишон дода нушудааст.
Бояд қайд кард, ки Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири оммавии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тӯҳмат ба ҷониби вай низ ҷавобгарии ҷиноӣ пешниҳод мекунад. Ин гуна ҷинояткорон то панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Ҷоизи қайд аст, ки санаи 26-уми октябр вакилони палатаи поёнии парлумон ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми асосгузори Тоҷикистони мустақилро доданд.
Вакилон пештар барои додани мақоми қонуни конститутсионии "Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ"-ро якдилона қабул намуданд.
Вакилон ҳамчуни якчанд тағирот ба ин қонунро қабул карданд, ки мувофиқи яке аз онҳо Раҳмон ҳамчун асосгузори Тоҷикистони мустақил дониста мешавад.