Саакашвили сабаби ба истеъфо рафтанашро гуфт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМихаил Саакашвили, Акс аз бойгонӣ
Михаил Саакашвили, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне собиқ президенти Гурҷистон қайд мекунад, қатраҳои оихирини сабр ин эъломияҳои электронӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин Петр Порашенко президенти Украинаро ба дастгирии гурӯҳҳои “ҷиноӣ” айбдор кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Собиқ президенти Гурҷистон сабаби истеъфои худ аз вазифаи губернатори вилояти Одессаро нобаробарии иҷтимоӣ дар Укриан хонд.

"Агар ҳақиқати гапро гӯем, барои истеъфои ман эъломияи электронӣ сабаби ниҳоӣ шуд",-изҳор дошт ӯ.

Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили - Sputnik Тоҷикистон
Саакашвили: тасмими интиқоли силоҳ ба Украина 99% омода аст

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки кормандони воломақоми Украина "рӯйрост мегӯянд, ки ҳар яки онҳо миллиард доранд ва дар баробари ин аз ҷониби давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд, пули он нафақахӯроне, ки бо дасти ларзон тангаҳои охиринро ҷамъ мекунанд, то аз гушнагӣ ҷон надиҳанд".

Дар баробари ин Саакашвили президенти Украинаро дар дастгирии гурӯҳҳои ҷиноӣ айбдор кард.

Қаблан Саакашвили изҳор дошт, ки бо сабаби мубориза набурдани ҳукумат бо коорупсия ба истеъфо меравад.

"Ба Порошенко ва Якунович (собиқ президенти Украина-шарҳ аз идора)? Фарқ чӣ, кӣ халқашонро ғадор мекунад?….Порошенко гуфт, ки ба ӯ Ятсинюк (Арсений Ятсинюк-собиқ нахуствазир-шарҳ аз идора) халал расонид. Мо ҳаракати "Тарафдори поккунӣ"-ро ташкил карда, ба ӯ ёрӣ расонидем то аз Ятсинюк халос шавад…Дар ҳоле, ки худи президент дар вилояти Одесса ду гурӯҳро дастгирӣ мекунад: ин гурӯҳи криминали соли 90-ум Труханов (мэри Одесса Геннадий Труханов) ва гурӯҳи коорупсионӣ",-изҳор дошт Саакашвили.

Саакашвили соҳи майи соли 2015 ба симмати губернатори вилояти Одессаи Украина интихоб шуд. Порошенко дар навбати худ ҳангоми ба вазифа гузоштани Саакашвили гуфта буд, ки аз ӯ умедҳои калон дорад, аз ҷумла дар мубориа бар зидди коорупсия.

Лентаи хабарҳо
0