ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тасмими интиқоли силоҳи дифоъӣ аз ИМА ба Украина 99% омода аст, изҳор дошт мушовири ғайрирасмии раҳбари Украина Михаил Саакашвили тавассути шабакаи телевизионии "Канали 5", хабар медиҳад РИА Новости.
"Мо дар ИМА талоши аслӣ мекунем Украина силоҳи дифоъӣ дарёфт кунад. Тақрибан ҳама аз мо ҷонибдорӣ мекунанд, назароти ҷомеъа дар тарафи мост", — гуфт Саакашвили.
Вай зикр кард, ки "садои баланди дархости ироъаи силоҳ ба Украина" ҳафтаи оянда дар сенат ва конгресси ИМА садо медиҳанд. "Муҳим буд, ки ин дархост дар конгресс ва сенат садо бидиҳад", — гуфт Саакашвили.
Қаблан Саакашвили бо бархе аз раҳбарони комитетҳои сенат ва конгресси ИМА дар робита ба интиқоли силоҳи марговар ба Украина дидор ва музокирот дошт.
Сенздаҳуми феврал раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко Михаил Саакашвилиро мушовири ғайрирасмии худ таъйин кард. Раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон "шӯрои байналмиллалии машваратии ислоҳотро" раҳбарӣ кард, ки ҳадафи аслии он "ироъаи пешниҳодот ва машваратҳо барои роҳандозии ислоҳот бар пояи таҷрубаи беҳтарини ҷаҳонӣ" унвон мешавад.