Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои ҳалли мушкилӣ ба Маскав омаданд

© Фото : Пресс-служба "Таджик Эйр"Ҳавопаймои "Тоҷик эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Тоҷик эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Русия масъалаи ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад, натиҷаҳо пас аз нисфирӯзӣ муайян карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 07 ноя — Sputnik. Ҳайъати вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои гузаронидани гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои ҳаракати ҳавоӣ байни ду кишвар, ба  Маскав омад.

Нуқтаи назари Русия дар ин бора то ҳол тағийр наёфтааст, натоиҷи гуфтушунидҳо баъд аз нисфирӯзӣ муайян карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ФР.

"Ҳайъати ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба Маскав расиданд. Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Русия гуфтушунид баргузор карда мешавад",- хабар доданд аз хадамоти матбуот.

Олег Нилов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нилов: сабаби то ин дараҷа расидани масъаларо бояд аз Тоҷикистон пурсид

Вобаста ба ин,  Русия метавонад ҳаракатҳои ҳавоии хешро ба Тоҷикистон аз санаи 8-уми ноябр қатъ гардонад, то ин ки ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар вайрон карда нашавад. Ҳафтаи гузашта дар Бишкек Русия ва Тоҷикистон эҳтимолияти қатъ намудани ҳаракатҳои ҳавоии байни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Муовини вазири  Вазорати нақлиёти ФР хабар додааст, ки то ҳол оиди ин масъала натиҷаҳои аниқ муайян карда нашудааст. Онҳо(натиҷаҳо) метавонанд ғайричашмдошт ҳосил шаванд, аммо ба ҳар ҳол ин масъаларо муассиса ва ширкатҳои ду кишвар баррасӣ мекунанд, мегӯяд вай.  Муовини вазир қайд намуд, ки дар вохӯрие, ки  дар Бишкек баргузор шуд,  ҷониби Русия ҷадвали зимистонаи авиатсияи Тоҷикистонро то санаи 8-уми ноябр тасдиқ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0