ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба қавли вакил, аъзои Думаи давлатии ФР Олег Нилов Русия ташаббускори ин масъала набуда, сабаби то ин дараҷа расидани ин мушкилотро бояд аз ҷониби Тоҷикистон пурсон шуд.
"Воҳима кардани ин мушкилот маъно надорад. Чунин ҳолатҳо ҳатто миёни кишварҳои дӯст сар мезананд. Масалан Белорус. Ин на мушкилоти сиёсӣ, балки масъалаҳои иқтисодӣ аст",-изҳор дошт коршинос.
Ба гуфти Олег Нилов сабаби то ин дараҷа расидани масъаларо бояд аз ҷониби Тоҷикистон пурсон шуд. Русия ташаббсускори ин масъала нест.
Ӯ бовар дорад, ки ба наздикӣ ин масъала ҳал шуда, шиддат поён меояд.