ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.Муаллифи матни суруди миллии Ӯзбакистон, шоир Абдулло Орипов дар шаҳри Хюстони Амрико дар синни 76-солагӣ вафот кард, хабар медиҳад ВКХ Ӯзбакистон.
"Шаби 4-уми ноябр дар яке аз беморхонаҳои Хюстон(иётоти Техас, ИМА) дар синни 76-солагӣ пас аз бемории вазнин, муаллифи суруди миллии Ӯзбакистон, қаҳрамони Ӯзбакистон, шоири халқӣ Абдулло Орипов даргузашт",- омадааст дар хабар.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон ба оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамояд.
"Ба Сафорати Ӯзбакистон дар ИМА вазифадор карда шудааст, ки тамоми мушкилоти қунсулӣ ва дигар масъалаҳои ирсолимарҳумро ба Ӯзбакистон ҳал кунад. Наздикони шоир ба хулоса омаданд, ки вайро ба ватан оварда, дар он ҷо ба хок месупоранд ",- қайд кардааст ВКХ.
Суруди миллии Ӯзбакистон санаи 10-уми декабри соли 1992 аз тарафи парлумони кишвар қабул карда шудааст.
Абдулло Орипов соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тошкентро бо дипломи аъло хатм намуда, пас аз он дар якчанд нашриётҳои адабии Ӯзбакистон фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 1965 сар карда, даҳҳо маҷмаи ашъор интишор намуда, вакили даъвати аввал ва дуввуми парлумони Ӯзбакистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1998 ба шоир унони қаҳрамони Ӯзбакистон дода шуд. Орипов ба ғайр аз ин "Мазҳакаи илоҳи"-и Дантеро ба забони ӯзбакӣ тарҷума намуда, эҷодиёти Некрасов, Украина, Шевченко, Қулиев ва дигар муаллифонро низ баргардонидааст.