Мирзиёев роҳбаронро вазифадор намуд, ки ҳар рӯз шаҳрвандонро қабул кунанд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкШавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба Прокуротураи генералии Ӯзбакистон тавсия дода мешавад, ки нисбати раисоне, ки аз болои онҳо муроҷиати такрори бурда мешавад, чораҳо санҷида шаванд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik.Роҳбарони органҳои давлатии Ӯзбекистон вазифадор карда шудаанд, ки ҳар рӯз дар қисми аввали вақти кори шаҳрвандонро шахсан қабул намоянд, омадааст дар қарори ҳукумат, ки аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи муваққати президентии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст.

"Роҳбарияти органҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳамарӯза аз соати 8 то 11 шахсан шаҳрвандонро қабул гардонанд, ки ба онҳо дар масъалаҳои гуногун муроҷиат менамоянд. Ҳамчунин, бо баробари қабул, арзу шикоятҳои мардум дида баромада шавад ва дар ҷойи қабул онҳо ҳал карда шаванд",- омадааст дар матни ҳуҷҷат.

Қабулгоҳи вертуалии Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Шавкат Мирзиёев 19 ҳазор нафар шикоят карданд

Мувофиқи қарор Прокуротураи генералиии Ӯзбекистон тавсия дода мешавад, то нисбати роҳбароне, ки аз болои онҳо муроҷиати дуввумбора меравад, чораҳо андешида шаванд.

Ҳукумат ҳамчунин аз ташкилотҳои давлатӣ хоҳиш намудааст, ки фаъолияти  сомонаҳои худро дар интернет беҳтар гардонанд ва ба ин восита низ арзу хоҳишҳои шаҳрвандонро қабул кунанд. Ба мақомотҳои минтақавии ҳамаи соҳаҳо супориш дода мешавад, ки дар муддати як моҳ дар марказҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо қабулгоҳҳои халқӣ ташкил кунанд.

Дар ҳуҷҷат хабар дода мешавад, ки ба қабулгоҳи вертуалии сарвазири  Ӯзбакистон 77,1 ҳзр. муроҷиатномаҳо ворид гардидаанд, ки аз онҳо 33 ҳзр. мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд ва 23,2 ҳзр ҳалли худро ёфтаанд.  Воридшавии шумораи зиёди арзу шикоятҳо ба унвони иҷрокунандаи вазифаи президентӣ нишон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳр раисону масъулон арзу хоҳишҳои шаҳрвандонро ба назар намегиранд ва дар аксар ҳолат нисбати онҳо бетафовут мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки қабулгоҳи шабакавии Мирзиёв дар партали ҳукуматии gov.uz санаи 25-уми сентябр фаъол гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0