Ба Шавкат Мирзиёев 19 ҳазор нафар шикоят карданд

© SputnikҚабулгоҳи вертуалии Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ
Қабулгоҳи вертуалии Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сабаби зиёд будани зангҳои телефонии шаҳрвандони Узбакистон маҷбурем, ки интизор шавем. Ҳукумат мехоҳад шумораи аператоронро зиёд намояд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Рӯзи чоршанбе, 19 октябр ба комиссияи қабули вертуалии Шавкат Мирзиёев зиёда аз нуздаҳ ҳазор занги телефонӣ ворид шуд.

Чуноне Sputnik Узбакистон бо такя ба хадамоти матбуоти президенти муваққатии кишвар хабар медиҳад, аксари зангҳо бо мақсади санҷиши кор ворид мешаванд. Барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ дар назар аст, ки шумораи аператорон зиёд карда шаванд.

"Вале дар баъзе ҳолатҳо барои пайвастан бо аператор бояд интизор шуд",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Алоқаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Узбакистон пеш аз интихобот телефони “боадолат” фаъол мешавад

Ба муштариён аз ҷониби аператорон тавсия дода мешавад, то рафти пайвастшавиро тариқи торномаи pm.gov.uz санҷида бо рақами 1000 танҳо дар ҳолатҳои камтар будани зангҳои телефонӣ муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки қабулгоҳи вертуалии Шавкат Мирзиёев аз 25-уми сентябри соли равон ба кор даромада, аллакай ба ин комиссия даҳҳо ҳазор нафар муроҷиат намудаанд.

Қисми асосии шикоятҳои вобаста ба дархостҳо барои кӯмак дар гирифтани қарзҳои истеъмолкунанда ва таълимӣ, ҳалли масъалаҳо дар соҳаи коммуналӣ  мебошанд.

Рӯзи 2 сентябри соли равон президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт. Сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии Узбакистон интихоб гардид. Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-декабр баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0