ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Хатмкунандагони филиали МГУ дар Тоҷикистон намояндагони ҷавони "элита"-и кишвар мебошанд, изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов, Виктор Садовничий.
Ректор ёдовар шуд, ки филиалҳои донишгоҳ феълан дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва шаҳри Севастополи Русия фаъол аст. Дар баробари ин Садовничий сатҳи баланди омода намудани мутахассисони донишгоҳро қайд кард, хабар медиҳад Вестник Кавказа.
"Имрӯз ин филиалҳо яке аз беҳтарин донишгоҳҳои минтақа буда, аз рӯи низоми факултавӣ бо барномаи магистрӣ ва аспирантӣ фаъолият мекунанд. Дар умум дар филиалҳои МГУ дар ҳоли ҳозир 3,5 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд ва онҳо-элитаи кишварҳои худ ҳастанд",-изҳор дошт ректори МГУ.
Ӯ қайд кард, ки ба донишҷӯён омӯзгорони беҳтарини МГУ омада дарс мегӯянд ва дониши онҳоро месанҷанд. Дипломи филиалҳои МГУ аз дипломи МГУ-и Маскав ягон фарқияте надорад, гуфт Садовничий.
"Мо фахр мекунем, ки филиалҳои мо фаъолият мекунанд ва президентони кишварҳо шахсан фаъолияти панҷ филиалро дастгирӣ менамоянд",-хулоса кард ректори МГУ ба номи Ломоносов.
Филиали МГУ дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд. Наздики 70%-и ҳайати омӯзгорон олимони МГУ буда, 30%-и онҳоро омӯзгорони ва мутахассисони кордони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.