Роҳи “Сомон эйр” ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо боз шуд

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ширкати "Сомон эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Сомон эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” иҷозатномаи расмии EASA (Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба бехатарии парвоз)-ро барои паврвозҳои мустақим ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба даст овард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар асоси ҷавобгӯ будан ба ҳамаи талаботҳои бехатарии EASA, ширкати "Сомон эйр" соҳиби парвозҳои мустақим ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гардид.

"Сомон эйр" ягона ширкати ҳавопаймоии тоҷик мебошад, ки ба талаботҳои бехатарии байналмилалии EASA ҷавобгӯ аст.

Фаъолияти асосии EASA (Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба бехатарии парвоз) ба  назорати фаъолияти ташкилотҳо, таъмини бехатарӣ ва назорати тасдиқи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Арвупо равона гардидааст.

Ҳавопаймоҳои кадом ширкатҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд

Барои гирифтани иҷозатномаи парвоз аз EASA, ширкати "Сомон эйр" дар марҳилаи пешниҳоди ариза, муддати парвоз, таҷҳизоти тайёраҳо ва ҳамчунин кори ҳамаи шӯъбаҳои парвоз ва нигоҳдорӣ, хизматрасонии техникӣ ва сифати таъмини амниятро бо талаботҳои EASA пешниҳод кард.

"Дар ҳақиқат ҳам мо аз гирифтани иҷозатномаи EASA фахр мекунем. Ин имконият медиҳад, то ширкати "Сомон эйр" доираи ҷуғрофии парвозҳои худро дар Аврупо васеъ намуда, ин нишони талоши мо ба таъмини амнияти муштариён мебошад",-омадааст дар хабарнома.

Дар ҳоли ҳозир ширкати "Сомон эйр" аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0